Амали Дириал: "Ҳатто агар натиҷа набошад, ман мехоҳам дубора кӯшиш намоям"
12.08.2023 17:01
Амали Дириал акробат аз гурӯҳи акробатикии Шинҷон мебошад. Ӯ 13 сол инҷониб бо ин намуди душвори варзишӣ машғул буда дар саҳнаҳои гуногуни ҷаҳон ҳунарнамоӣ менамояд. Соли 2017 дар синни 21 солагӣ ӯ ҳамроҳи се бародараш дар мусобиқаи номдортарини акробатон дар Монте-Карлои Фаронса иштирок варзида байни акробатони ҷавон ғолиб омада сазовори медали тилло гардид. Вале ӯ ба худ қавл дод, ки кӯшиш менамояд дубора ба Монте-Карло омада дар байни акробатони касбӣ ғолиб омада сазовори ҷоизаи «Масхарабози тиллоӣ» гардад.
Аз он ҳангом шаш сол гузашт ва аз се бародараш, ки бо онҳо якҷоя буд, дутоаш аз гурӯҳ рафтанд. Ҳоло ба гурӯҳ Нарзия ном духтар, ки соли таваллудаш 2001 мебошад, ҳамроҳ гардид. Ин дафъаи нахустин аст, ки дар мусобиқаи акробатони касбии Шинҷон ҷавондухтар иштирок меварзад.