Кӯли Сайрам, ки дар Синзян воқеъ аст ҳамчун “охирин ашки уқёнуси Атлантик” машҳур аст. То соли 1998 дар кӯли Сайрам моҳӣ вуҷуд надошт. Парвариши моҳӣ дар оби хунук аз Русия ворид карда шуд ва пас аз даҳсолаи рушд кӯли Сайрам ҳамчун муҳимтарин базаи истеҳсоли моҳии оби хунук дар Синзян ном баровард.

Турбат, ҷавонписари муғул аст, ки дар дастаи мохигирони кӯли Сайрам фаъолият менамояд. Ҳар зимистон онҳо либосҳои ғафси зимистона ба бар мекунанд, дар болои яхи беканори Сайрам мегарданд, дар ях сӯрохҳо мекушоянд, тӯр андохта моҳӣ меқапанд.