«Дапанҷӣ» - табақи калон бо порчаҳои мурғ
21.08.2023 14:55
15 июли соли 20223 дар Хитой Фестивали 8-уми «Дапанҷӣ»-и Шаван баргузор гардид. Ин рӯз аз тамоми гӯшаю канори вилоят ба шаҳраки Шаван дӯстдорони ин таоми маҳалӣ меоянд ва хурсандӣ мекунанд. «Дапанҷӣ» ин таомест, ки дар табақи калон порчаҳои мурғ бо сабзавот омода карда мешаванд.
Аввалҳои соли 1980 Ли Шилин ном ҷавондеҳқон дар Шаван як ошхонаи кӯчагӣ кушода дар он бори нахуст таоме омода намуд, ки дапанҷӣ ном дод. Бо мурури замон ин таом ва ошхона шӯҳрати хосае пайдо намуд ва дар вилоят намуди гуногуни дапанҷӣ пайдо шуд. Мардум дар хонаашон ин таомро омода мекунанд ва акнун дӯстдорони ин хӯрок ҳамасола дар фестивали дапанҷӣ бо ҳамдигар якҷо омода ҷашн мегиранд.
{youtube}HGxOCKBv43c{/youtube}