«Долони сабз» - роҳи кӯтоҳи тиҷорат
02.10.2023 14:24
Ю Йингпин, роҳбари ширкати савдои меваю сабзавот дар шаҳраки Таченги Хитой мебошад. Солҳои тӯлонӣ ӯ ба Қазоқистон сабзавоту мева мефиристонад. Шаҳраки Таченг дар ҳамсоягии Қазоқистон ҷойгир шудааст ва то сарҳади кишвари ҳамсоя ҳамагӣ 8 км масофа аст. Аммо то соли 2013 барои барасмиятдарории гумрукии меваю сабзавот якчанд рӯз сарф мешуд ва мошинҳои боркаш интизори иҷозатномаи гумрукӣ дар назди сарҳад рӯзҳоро мегузаронданд. Вале бо бар кор даромадани «долони сабз» дар соли 2013 корҳо ранги дигар гирифт. Акнун барасмиятдарории гумрукӣ ҳамагӣ 2 соат вақтро мегирад. Мошин бо бор субҳ аз Таченги Хитой ба роҳ баромада бегоҳрӯзӣ маҳсулот метавонад дар бозорҳои Қазоқистон пайдо шавад. Яъне маҳсулоти зудвайроншаванда акнун саривақт ба мизоҷон мерасад. Бо ба роҳ даромадани «долони сабз» тиҷорат байни Хитой ва кишварҳои ҳамсоя сол аз сол меафзояд.